Сафорати Русия ба кӯдакони тоҷик 1538 туҳфаи солинавӣ тақдим кард


Ҳамсари сафири Русия дар Тоҷикистон Елена Лякина-Фролова дар остонаи Соли нави милодӣ аз дармонгоҳи кӯдаконаи табобати бемориҳои сили ноҳияи Шаҳринав боздид намуда, зимни вохӯрӣ бо кӯдакон онҳоро табрик ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард. Дар ин бора намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе хабар медиҳад.

Ҳамсари сафири Русия ҳамчунин дар чорабинии идонаи солинавии кӯдакон, ки аз ҷониби маркази миллии фарҳангии тотору бошқирдии «Дӯстлик» созмон дода шуда буд, низ ширкат варзида, ба иштирокчиёни он туҳфаҳои солинавии сафоратхонаи Русияро супурд.

Ба иттилои манбаъ, сафоратхона ҳамчунин ҷиҳати дастрасии билетҳо ба чорабиниҳои Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон ва тӯҳфаҳои солинавӣ ба кӯдакони ҳамватанон дар вилояти Хатлон кӯмаки молӣ расонидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни иқдомҳои хайрияи сафоратхона дар арафаи Соли нав ба кӯдакон дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 97 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллари ИМА) туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное