Соли гузашта баҳри таҷдид ва аз нав таҷҳизонидани корхонаҳои саноатии Тоҷикистон зиёда аз 628 млн. сомонӣ (беш аз 130 млн. $) маблағ равона гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, ин воситаҳо аз ҳисоби буҷети дохилии корхонаҳо ва сармоягузориҳои хориҷӣ ҷудо карда шудаанд.
Соли 2012 баҳри таҷдиду аз нав таҷҳизонидани корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ бо техникаи муосир ҳамагӣ ҳудуди 215 млн. сомонӣ маблағ масраф гардида буд.
Маблағи бештар дар такмили технологии таҷҳизоти корхонаҳо дар ин самт дар корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон (қариб 360 млн. сомонӣ), саноати маъдани кӯҳӣ (беш аз 155 млн. сомонӣ), саноати сабук (зиёда аз 36 млн. сомонӣ) ва саноати хӯрокворӣ (ҳудуди 30 млн. сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.



