Суғд: Боздошти раиси хоҷагии деҳқонӣ ҳангоми порадиҳӣ

Раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд ҳангоми порадиҳӣ ба корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ш.Б. зимни порадиҳӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари иМА ба корманди […]

Мавлуда Рафиева


Раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд ҳангоми порадиҳӣ ба корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ш.Б. зимни порадиҳӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари иМА ба корманди Агентӣ бо далели шайъӣ дастгир шудааст.

«Раиси хоҷагӣ ин маблағро ба корманди Агентӣ барои мусбат ҳал шудани масъала ба нафъи худ, яъне ба таъхир гузоштани санҷиши вазъи иқтисодиву молиявии хоҷагии мазкур пешниҳод кардааст», – гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 320, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Шахсан ё тавассути миёнарав пора додан ба мансабдори давлатӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.