Шиносоии омӯзгорону волидайн бо қоидаҳои нави қабул ба мактаби олӣ

Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Муассисаи давлатии тозатаъсиси «Маркази миллии тестӣ» барои намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оид ба шарҳи қоидаҳои нави қабул ба мактабҳои олии кишвар тариқи низоми мутамаркази супурдани имтиҳоноти қабул, ки соли равон дар Тоҷикистон бори нахуст роҳандозӣ мешавад, марҳилаи аввали омӯзишӣ доир намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» […]

ASIA-Plus


Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Муассисаи давлатии тозатаъсиси «Маркази миллии тестӣ» барои намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оид ба шарҳи қоидаҳои нави қабул ба мактабҳои олии кишвар тариқи низоми мутамаркази супурдани имтиҳоноти қабул, ки соли равон дар Тоҷикистон бори нахуст роҳандозӣ мешавад, марҳилаи аввали омӯзишӣ доир намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз МД «Маркази миллии тестӣ» хабар дод, дар марҳилаҳои дуюму сеюми омӯзишӣ, ки мутаносибан 13-18 ва 20-25-уми январ дар тамоми шаҳру навоҳӣ баргузор мешаванд, мудирони мактабҳои таҳислоти умумӣ, роҳбарони синфҳо ва падару модарони толибилмон фаро гирифта хоҳанд шуд, ки ба онҳо низ тартиби нави қабул ба макотиби олии кишвар шарҳу тавзеҳ дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистонро беш аз 50 ҳазор нафар толибилмон хатм мекунанд ва соли 2014 тариқи низоми мутамаркази супурдани имтиҳонот қабули 38 ҳазор нафари онҳо ба макотиби олии кишвар дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми декабри соли гузашта дар қисмати шимолии хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯйи Боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии

«Маркази миллии тестӣ»

(ММТ) ифтитоҳ ёфт. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.