Беш аз 7 ҳазор $ ҷубронпулии ширкати русиягӣ барои марги муҳоҷири тоҷик

Ширкати сотмонии «УСК МонтажСтрой» ба бародари муҳоҷири кории фавтида дар майдони сохтмон, ки ҳамагӣ се рӯз дар ин ширкат фаъолият дошт, дар ҳаҷми 7,6 ҳазор доллари ИМА ҷубронпулӣ пардохт намуд. Бино ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия, ба намояндагӣ Баҳриддин Хайруллоев, бародари муҳоҷири кории фавтидаи тоҷик Зайниддин Хайруллоев муроҷиат намуда, барои фиристодани ҷасади […]

ASIA-Plus


Ширкати сотмонии «УСК МонтажСтрой» ба бародари муҳоҷири кории фавтида дар майдони сохтмон, ки ҳамагӣ се рӯз дар ин ширкат фаъолият дошт, дар ҳаҷми 7,6 ҳазор доллари ИМА ҷубронпулӣ пардохт намуд.

Бино ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия, ба намояндагӣ Баҳриддин Хайруллоев, бародари муҳоҷири кории фавтидаи тоҷик Зайниддин Хайруллоев муроҷиат намуда, барои фиристодани ҷасади бародараш ба Тоҷикистон кӯмак мепурсад.

«Маълум мешавад, ки Зайниддин ҳангоми кор дар яке аз иншооти сохтмонии шаҳри Екатеринбург аз ошёнаи сеюм ба замин афтода, ба ҳалокат расидааст», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрии корманди намояндагӣ бо мақомоти раҳбарии ширкати русиягии зикршуда дар бораи ба муҳоҷири фавтида пардохт намудани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 250 ҳазор рубли русӣ (тақрибан 7,6 ҳазор $) тавофуқ ҳосил шуда, пас аз ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷасади муҳоҷир тариқи хатсайри ҳавоии Екатеринбург-Душанбе ба ватан фиристода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.