Марзи Тоҷикистону Қирғизистон муштарак посбонӣ мешавад

Дар мулоқоти ҳайатҳои роҳбарони комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикисону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ таҳти роҳбарии муовинони нахутсвзаирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов, ки рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, масоили танзими вазъ ва ҳамкориҳои судманд дар марзи давлатӣ баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот ҳамчунин масоили […]

ASIA-Plus


Дар мулоқоти ҳайатҳои роҳбарони комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикисону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ таҳти роҳбарии муовинони нахутсвзаирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов, ки рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, масоили танзими вазъ ва ҳамкориҳои судманд дар марзи давлатӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот ҳамчунин масоили аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ низ баррасӣ шуда, нақшаи вохӯриҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба ин масъала дар соли 2014 муайян карда шуданд.

«Муовинони нахуствазирони кишварҳо ба хадамоти марзбонӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳукуматҳои вилоятҳои Суғду Ботканд супориш доданд, ки ҷиҳати ташкили посбонии муштараки марз бо мақсади таъмини амнияти ҷомеа, равуои озодонаи шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт дар манотиқи наздимарзӣ рӯзи 9-уми январ дар шаҳри Исфара вохӯрии корӣ баргузор намоянд», – зикр мегардад дар итттилои ВКХ.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба мунтазам баргузор намудани чунин вохӯриҳо тавофуқ ҳосил намуда, қотеъона изҳори итминон карданд, ки минбаъд баҳри рушд ва таҳкими ҳамкориҳо дар манотиқи наздимарзӣ дар рӯҳияи анъанавии ҳамҷавориву дӯстӣ миёни кишварҳо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.