Бо қарори саҳҳомон номи ширкати молики 100%-и саҳмияҳои корхонаи муштараки истихроҷи тиллои «Пакрут» дар Тоҷикистон аз Kryso Resources Plc. ба
China Nonferrous Gold Limited
(CNG) иваз шуд.
Аз КМ «Пакрут» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин иқдом ба хотири шомил гардидан ба рӯйхати Биржаи фондии Гонконг пеш гирифта шудааст.
Дар сомонаи расмии ширкат шарҳ дода мешавад, ки China Nonferrous Gold Limited ба
рӯйхати Биржаи фондии Лондон
ба категорияи AIM (Alternative Investments Market) бо талаботи нисбатан сабуктар дар муқоиса бо бозори асосии саҳмияҳо дохил аст, ки барои ширкатҳои тоза ба фаъолият пардохта ва бештар инноватсионӣ пешбинӣ шудааст.
Бино ба маълумоти Биржаи фондии Лондон, ширкати CNG бо сармояи 110,47 млн. фунт стерлинг 22-юми ноябри соли 2013 ба савдо роҳ дода шуда буд.
«Ширкат ба корҳои иктишоф ва коркарди канданиҳои фоиданок машғул буда, фаъолияташ ба лоиҳаҳо дар Тоҷикистон нигаронида шудааст», – зикр мегардад дар сомонаи ширкат.
Кони тиллои «Покрӯд» дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат, дар минтақаи болооби дарёи Сардаи миёна воқеъ аст. Кони мазкур ҳанӯз соли 1972 кашф карда шуда буд. Соли 1980 захираҳои маъдан ва тиллои он ҳисоб карда шуд.
Дар назар буд, ки ширкати бритониёии Kryso Resources
аввали соли гузашта
дар кони «Пакрут»-и ноҳияи Ваҳдат ба истихроҷи тило оғоз мекунад. Ширкат барои истеҳсоли тило дар кони мазкур соли 2012 иҷозатнома гирифта, он то соли 2030 пешбинӣ мешавад. Феълан захираҳои истеҳсолии кони «Пакрут» беш аз 100 тонна тилло арзёбӣ мешаванд.
Айни замон барои рушди корхона 108 млн. $ маблағ зарур аст ва дар сурати боқӣ мондани нархи тилло дар сатҳи 1 ҳазору 250 доллари ИМА барои 1 унсия (29,86 грамм), корхона дар муддати 2,7 сол худкифо хоҳад шуд.
Дар ин кон ба ҳисоби миёна дар таркиби як тонна маъдан то 4,43 грамм тило дарёфт кардан имконпазир аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар миқёси ҷаҳон дар ҳолати дар 1 тонна маъдан мавҷуд будани 0,8 грамм тило, он кон ояндадор шуморида мешавад.



