Ширкати истеҳсоли тиллои «Пакрут» моликашро иваз кард?

Бо қарори саҳҳомон номи ширкати молики 100%-и саҳмияҳои корхонаи муштараки истихроҷи тиллои «Пакрут» дар Тоҷикистон аз Kryso Resources Plc. ба  China Nonferrous Gold Limited  (CNG) иваз шуд. Аз КМ «Пакрут» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин иқдом ба хотири шомил гардидан ба рӯйхати Биржаи фондии Гонконг пеш гирифта шудааст. Дар сомонаи […]

ASIA-Plus


Бо қарори саҳҳомон номи ширкати молики 100%-и саҳмияҳои корхонаи муштараки истихроҷи тиллои «Пакрут» дар Тоҷикистон аз Kryso Resources Plc. ба 

China Nonferrous Gold Limited

 (CNG) иваз шуд.

Аз КМ «Пакрут» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин иқдом ба хотири шомил гардидан ба рӯйхати Биржаи фондии Гонконг пеш гирифта шудааст.

Дар сомонаи расмии ширкат шарҳ дода мешавад, ки China Nonferrous Gold Limited  ба

рӯйхати Биржаи фондии Лондон

ба категорияи AIM (Alternative Investments Market) бо талаботи нисбатан сабуктар дар муқоиса бо бозори асосии саҳмияҳо дохил аст, ки барои ширкатҳои тоза ба фаъолият пардохта ва бештар инноватсионӣ пешбинӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Биржаи фондии Лондон, ширкати CNG бо сармояи 110,47 млн. фунт стерлинг 22-юми ноябри соли 2013 ба савдо роҳ дода шуда буд.

«Ширкат ба корҳои иктишоф ва коркарди канданиҳои фоиданок машғул буда, фаъолияташ ба лоиҳаҳо дар Тоҷикистон нигаронида шудааст», – зикр мегардад дар сомонаи ширкат.

Кони тиллои «Покрӯд» дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат, дар минтақаи болооби дарёи Сардаи миёна воқеъ аст. Кони мазкур ҳанӯз соли 1972 кашф карда шуда буд. Соли 1980 захираҳои маъдан ва тиллои он ҳисоб карда шуд.

Дар назар буд, ки ширкати бритониёии Kryso Resources

аввали соли гузашта

дар кони «Пакрут»-и ноҳияи Ваҳдат ба истихроҷи тило оғоз мекунад. Ширкат барои истеҳсоли тило дар кони мазкур соли 2012 иҷозатнома гирифта, он то соли 2030 пешбинӣ мешавад. Феълан захираҳои истеҳсолии кони «Пакрут» беш аз 100 тонна тилло арзёбӣ мешаванд.

Айни замон барои рушди корхона 108 млн. $ маблағ зарур аст ва дар сурати боқӣ мондани нархи тилло дар сатҳи 1 ҳазору 250 доллари ИМА барои 1 унсия (29,86 грамм), корхона дар муддати 2,7 сол худкифо хоҳад шуд.

Дар ин кон ба ҳисоби миёна дар таркиби як тонна маъдан то 4,43 грамм тило дарёфт кардан имконпазир аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар миқёси ҷаҳон дар ҳолати дар 1 тонна маъдан мавҷуд будани 0,8 грамм тило, он кон ояндадор шуморида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.