Корхонаи «Сементи тоҷик»-ро хеши президент ба роҳбарӣ гирифт

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, номи Корхонаҳои воҳиди давлатии «Заря Востока», «Востокредмет» ва «Тоҷиксемент» расман ба номҳои «Нури Ховар», «Металлҳои нодири шарқ» ва «Сементи тоҷик» иваз карда шуданд. Ғайр аз ин, бо қарори ҳукумати кишвар, ба ҷойи Маҳмадсаид Зубайдов, собиқ директори корҳонаи «Сементи тоҷик»  Зайнулло Соҳибов директори коронаи мазкур таъин гардид. Бино ба маълумоти ВАО-и тоҷик, […]

Заррина Эргашева


Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, номи Корхонаҳои воҳиди давлатии «Заря Востока», «Востокредмет» ва «Тоҷиксемент» расман ба номҳои «Нури Ховар», «Металлҳои нодири шарқ» ва «Сементи тоҷик» иваз карда шуданд.

Ғайр аз ин, бо қарори ҳукумати кишвар, ба ҷойи Маҳмадсаид Зубайдов, собиқ директори корҳонаи «Сементи тоҷик»  Зайнулло Соҳибов директори коронаи мазкур таъин гардид.

Бино ба маълумоти ВАО-и тоҷик, роҳбари нави корхона Зайнулло Соҳибов бародари Шамсулло Соҳибов – язнаи президент Эмомалӣ Раҳмон буда, собиқ директори корхона Маҳмадсаид Зубайдов яке аз наздикони марҳум Асадулло Ғуломов, собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дониста мешавад.

Корхонаи «Сементи тоҷик» яке аз корхонаҳои бузурги истеҳсоли сементи ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, иқтидори лоиҳавии он истеҳсоли 1,1 млн. тонна семент дар як солро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки собиқ сардори Раёсати мошинсозӣ, саноати бахши мудофиа ва кимиёи Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ Зиёдулло Носиров соли 2013 ба мансаби роҳбари корхонаи «Нури Ховар ва ҳамин сол собиқ директори корхонаи «Заря Востока» Қаюм Маҳмадов роҳбари корхонаи «Металлҳои нодири шарқ» таъин шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.