Татбиқи қонуни суғуртаи тиббӣ то соли 2017 мавқуф гузошта шуд

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба палатаи поёнии парлумон мавқуф гузоштани амалисозии қисмате аз қонун «Дар бораи суғуртаи тиббӣ»-ро, ки ба суғуртаи ҳатмии тиббӣ марбут аст, пешниҳод намуд. Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов ин пешниҳодро бо камбуди воситаҳои молиявӣ дар буҷети давлатӣ барои суғуртаи ҳатмии тиббӣ асоснок намуд. […]

Аваз Юлдошев


Ҳукумати ҷумҳурӣ ба палатаи поёнии парлумон мавқуф гузоштани амалисозии қисмате аз қонун «Дар бораи суғуртаи тиббӣ»-ро, ки ба суғуртаи ҳатмии тиббӣ марбут аст, пешниҳод намуд.

Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов ин пешниҳодро бо камбуди воситаҳои молиявӣ дар буҷети давлатӣ барои суғуртаи ҳатмии тиббӣ асоснок намуд.

Ба гуфаи ӯ, Вазорати молияву меҳнат ва Кумитаи андози ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки бинобар сабаби норасоии воситаҳои молиявӣ амалисозии қонуни мазкур аз оғози соли равон ғайриимкон аст.

«Соли равон аз ҳаҷми умумии ММД-и кишвар 6,9% ба бахши тандурустӣ равона мегардад, вале барои амалисозии муқаррароти қонуни зикршуда маблағи бештаре зарур аст. Барои мисол, ин нишондиҳанда дар Қирғизистон, Молдова ва Эстония аз 10% зиёдтар мебошад», – зикр кард Салимов.

Вазир ба вакилон ҳамчунин маълумот дод, ки аз ҳаҷми умумии ММД-и Тоҷикистон имрӯз ба ҳар сари аҳолӣ 951 доллари ИМА дар як сол рост меояд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда дар Қирғизистон – 1 ҳазору 290, Молдова – 3 ҳазору 424 ва Эстония беш аз 23 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала вакили парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ бидуни арзёбии имконот ҳанӯз соли 2008 қабули ин қонунро ба парлумон пешниҳод карда буданд.

«Мо аллакай як маротиба амалисозии ин қонунро ба таъхир гузошта будем, имрӯз онро то соли 2017 мавқуф мегузорем. Пас кӣ кафолат дода метавонад, ки он соли 2017 мавриди амал қарор мегирад?», – савол дод Кабирӣ.

Ба ин савол вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ посух дод, ки «ҳукумат кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то ин қонун дар муҳлати таъиншуда мавриди амал қарор бигирад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.