Навбати аввали МБГ Душанбе-2 ҳамин ҳафта ба кор медарояд

Мавриди истифода қарор додани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иштироки президенти мамлакат ахири ҳамин ҳафта дар назар аст. Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки МБГ-2 барои ба истифода додан омода буда, иқтидори он истеҳсоли ҳудуди 50 мегаватт нерӯи барқ аст ва тавассути васл […]

Заррина Эргашева


Мавриди истифода қарор додани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иштироки президенти мамлакат ахири ҳамин ҳафта дар назар аст.

Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки МБГ-2 барои ба истифода додан омода буда, иқтидори он истеҳсоли ҳудуди 50 мегаватт нерӯи барқ аст ва тавассути васл ба зеристгоҳи Душанбе-500 кВ ба шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон пайваст мешавад.

Қобили зикр аст, ки марказ аз ду навбат 50 МВт иборат аст. Барои кори 1 дег дар 1 соат 31 тонна, дар як шабонарӯз 744 тонна ва дар як моҳ 22 ҳазору 320 тонна ангишт лозим аст.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали марказ 50 ҳазор нафар сокинони Душанбе бо нерӯи барқ таъмин гардида, дар мавсими ояндаи тирамоҳу зимистон бо гармӣ ва оби гарм низ таъмин карда мешаванд.

Дар бораи ба МБГ-2 пайваст шудани маҳз кадом минтақаи пойтахт алҳол маълумот дода нашуд. «Навбати дуюми МБГ Душанбе-2 давоми соли 2014 ба истифода дода хоҳад шуд», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Ёдрас мекунем, ки Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе»-2» дар доираи созишномаи сеҷониба миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА» (Чин) ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ» бунёд мегардад. Арзиши лоиҳавии МБГ Душанбе-2 30 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.