Кумаки САҲА ба Тоҷикистон дар нобуд сохтани аслиҳаи сабуки оташфишон

Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба назорат аз болои амалиёти нобуд сохтани беш аз ҳазорон адад аслиҳаи сабуки оташфишон, ки аз аҳолӣ мусодираву ҷамъоварӣ ва ё аз пинҳонгоҳҳои махфӣ дарёфт шудааст, оғоз намуд. Бино ба иттилои Дафтари САҲА дар ҶТ, ин амалиёт дар Раёсати таъминоти моддиву тхникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии […]

ASIA-Plus


Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба назорат аз болои амалиёти нобуд сохтани беш аз ҳазорон адад аслиҳаи сабуки оташфишон, ки аз аҳолӣ мусодираву ҷамъоварӣ ва ё аз пинҳонгоҳҳои махфӣ дарёфт шудааст, оғоз намуд.

Бино ба иттилои Дафтари САҲА дар ҶТ, ин амалиёт дар Раёсати таъминоти моддиву тхникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои буридани аслиҳа САҲА техникаи махсус пешкаш кардааст, ки тавассути он мутахассисони вазорат муддати ду ҳафта дар маҷмӯъ 1165 адад аслиҳаро нобуд месозанд.

«Назорат аз болои аслиҳа мавзӯи муҳими рӯзномаи САҲА буда, яке аз масоили афзалиятноки Дафтари САҲА дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад», – изҳор доштааст зимни боздид аз коргоҳи нобудсозии аслиҳа иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Раёсати низомиву сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Эрдал Дуздабан.

Намояндаи ВКД ҶТ генерал-майор Фарҳод Шодмонбеков бар ин назар аст, ки сарфи назар аз сол то сол коҳиш ёфтани шумори аслиҳаи мусодирашуда, то ҳанӯз дар ҷумҳурӣ пинҳонгоҳҳои махфии аслиҳаву муҳимот дарёфт мегарданд. «Дастгирии доимии САҲА, ки ба баланд бардоштани имконоти кишвар дар нигаҳдорӣ ва нобуд сохтани аслиҳа равона шудааст, барои Тоҷикистон аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст. Мо ба идомаи ҳамкориҳои муштарак дар бахши таъмини амният дар ҷумҳурӣ умедворем», – гуфт номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.