Миннатпазирии Хадамоти муҳоҷират ба соҳибкори тоҷик дар Русия

Date:


Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор ва шароити хуби бубудош таъмин намудани ҳамвтанон дар Русия буда, бо ин мақсад кормандони намояндагӣ давра ба давра бо роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ дар манотиқи гуногуни Русия мулоқотҳо барпо мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов хабар дод, чанде қабл мақомоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ ба роҳбари ташкилот оид ба хизматгузории техникии воситаҳои нақлиёти ширкати «Автолюкс»-и шаҳри Новосибирск, шаҳрванди Тоҷикистон Эмомалӣ Авазов, ки 15 нафар ҳамвтанонро бо ҷойи кориву маоши арзанда таъмин кардааст, изҳори миннатдорӣ намуд.

«Бо мусоидати ӯ дар ин корхона муҳоҷирони кории тоҷик бо ғизои саривақтӣ, манзили зист ва ҳуҷҷатҳои расмии зарурӣ барои будубош дар қаламрави Русия таъминанд, ки ин хароҷот низ аз ҷониби корфармо пардохта мешавад. Ҳаҷми музди меҳнати онҳо аз 20 то 35 ҳазор рубли русӣ дар як моҳро ташкил медиҳад», – иброз дошт номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...