Миннатпазирии Хадамоти муҳоҷират ба соҳибкори тоҷик дар Русия

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор ва шароити хуби бубудош таъмин намудани ҳамвтанон дар Русия буда, бо ин мақсад кормандони намояндагӣ давра ба давра бо роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ дар манотиқи гуногуни Русия мулоқотҳо барпо мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов хабар дод, чанде […]

Аваз Юлдошев


Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор ва шароити хуби бубудош таъмин намудани ҳамвтанон дар Русия буда, бо ин мақсад кормандони намояндагӣ давра ба давра бо роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ дар манотиқи гуногуни Русия мулоқотҳо барпо мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов хабар дод, чанде қабл мақомоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ ба роҳбари ташкилот оид ба хизматгузории техникии воситаҳои нақлиёти ширкати «Автолюкс»-и шаҳри Новосибирск, шаҳрванди Тоҷикистон Эмомалӣ Авазов, ки 15 нафар ҳамвтанонро бо ҷойи кориву маоши арзанда таъмин кардааст, изҳори миннатдорӣ намуд.

«Бо мусоидати ӯ дар ин корхона муҳоҷирони кории тоҷик бо ғизои саривақтӣ, манзили зист ва ҳуҷҷатҳои расмии зарурӣ барои будубош дар қаламрави Русия таъминанд, ки ин хароҷот низ аз ҷониби корфармо пардохта мешавад. Ҳаҷми музди меҳнати онҳо аз 20 то 35 ҳазор рубли русӣ дар як моҳро ташкил медиҳад», – иброз дошт номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.