Беш аз 117 млн. сомонӣ маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ба рушди Кӯлоб

Барномаи дусолаи сохтмон аз ҷониби соҳибкорони Кӯлоб тасдиқ карда шуд. Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки давоми солҳои 2014-2015 аз ҷониби сармояи хусусӣ ба рушди шаҳр тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 117 млн. 337 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар худи шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб барои сохтмони 147 иншооти таъиноти […]

Турко Дикаев


Барномаи дусолаи сохтмон аз ҷониби соҳибкорони Кӯлоб тасдиқ карда шуд.

Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки давоми солҳои 2014-2015 аз ҷониби сармояи хусусӣ ба рушди шаҳр тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 117 млн. 337 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар худи шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб барои сохтмони 147 иншооти таъиноти гуногун қитъаҳои замин ҷудо карда шудаанд.

«Агар дар деҳоти ноҳия ба сохтмони иншооти варзишиву солимӣ, марказҳои гуногуни хизматгузорӣ, корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир шуда бошад, пас дар худи шаҳр дар ин давра бинои меҳмонхонаҳои нав, фитнес-клубҳо, марказҳои солимӣ, чойхона ва корхонаҳои истеҳсолии гуногун қомат меафрозанд», – иброз дошт сармеъмори шаҳр.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб бо маблағгузории 107 млн. сомонӣ 61 иншооти таъиноти гуногун бунёд намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.