Мушовири калони президенти Тоҷикистон Субҳон Кошонов аз маҳсулоти пастсифат, ки аз мамлакатҳои ҳамсоя ба бозорҳои кишвар ворид мегарданд, дар конфронс оид ба мушкилоти бехатарии биологӣ изҳори нигаронӣ кард.
«Барои мисол, вафлиҳои аз Ҷумҳурии Исломии Эрон воридшаванда пастсифатанд. Боре дидам, ки онро бо донаи гугирд сузонданд ва он ба монанти шамъ дар гирифт. Ё маҳсулоти гуштии аз хориҷа воридшаванда, ки ҳоло хеле зиёд дар фурӯш ҳастанд, метавонанд ба саломатӣ зарар кунанд», – гуфт Кошонов.
Ба гуфтаи ӯ, дар маҳсулоти ғизоии дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда нисбат ба маҳсулоти воридшаванда камтар моддаҳои рангкунанда истифода мешаванд.


