Тақвияти назорати давлатӣ аз болои баҳисобгирии муҳосибӣ

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи тағийроту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва молиявӣ» баррасӣ шуд. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ташаббускори ворид намудани тағийроту илова Вазорати молия буда, […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи тағийроту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва молиявӣ» баррасӣ шуд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ташаббускори ворид намудани тағийроту илова Вазорати молия буда, бинобар сабаби дар вазъи ногувор қарор доштани баҳисобгирии муҳосибӣ ва молиявӣ дар сохторҳои ғайриҳуқукуматӣ, ҷорӣ шудани ин тағйиротро мувофиқи мақсад мешуморад.

«Моҳияи тағийроту илова дар он ифода меёбад, ки пас аз қабулу мавриди амал қарор гирифтани онҳо, назорати давлатӣ аз болои баҳисобгирии муҳосибӣ ва молиявӣ дар муассисаҳои ғайриҳукуматӣ пурзӯр карда мешавад», – зикр кард Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи дастгирии давлатӣ ва ҳимояти соҳибкорӣ», тағийроту илова ба қонунҳо «Дар бораи маориф», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва «Дар бораи гурезаҳо» низ баррасӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.