Боздиди сафири Чин аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ

Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар бахшҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, Шариф Саид дастовардҳои воқеии ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногунро мусбат арзёбӣ намуда, зикр […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар бахшҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, Шариф Саид дастовардҳои воқеии ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногунро мусбат арзёбӣ намуда, зикр кард, ки санаи 21-уми январ дар шаҳри Пекин таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои кории Созмони ҳамкории Ганхай доир мегардад. «Рӯзномаи ҷаласа пурмуҳтаво ва ба ноил гардидан ба натиҷаҳои амалӣ нигаронида шуда, ҳадаф аз чорабинии мазкур таҳкими ҳамкорӣ ва  муносибатҳои дӯстонаву судманд миёни кишварҳои узви СҲШ мебошад», – гуфт раиси ПСС ҶТ.

Фан Сянжун дар навбати худ изҳор кард, ки ба туфайли саъйу кӯшиши сарони ҳарду кишвар робитаҳои дуҷониба мудом дар ҳоли рушд қарор дошта, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. «Баргузории намоишгоҳҳои Чин дар Тоҷикистон ва ҳамчунин иштироки сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар кори ярмаркаҳои тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Урумчӣ ва Қошғари Чин ба таҳкими боз ҳам бештари ҳамкорӣҳо мусоидат мекунад», – гуфт сафири Чин.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.