Соли 2013 ММД Тоҷикистон аз 8,5 млрд. $ зиёд шуд

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 40 млрд. 524,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 8,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 7,4% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назли президенти ҶТ, дефлятори ММД дар соли гузашта ба 4,3% баробар шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар […]

ASIA-Plus


Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 40 млрд. 524,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 8,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 7,4% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назли президенти ҶТ, дефлятори ММД дар соли гузашта ба 4,3% баробар шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар сохтори ММД-и кишвар дар соли 2013 ҳиссаи бахши кишоварзӣ, шикор, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ нисбатан баландтар – 21,1% буда, ҳиссаи савдо, таъмири автомашинаҳо, молҳои маишӣ ва лавозимоти иистифодаи шахсӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо – 15,7%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбор – 13,9%, саноат ва энергетика – 13%, андоз – 12%, сохтмон – 10%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикисон ба 31 млр. 161,1 млн. сомонӣ (беш аз 7,5 млрд. $) баробар шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.