Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ беш аз 5,2 млрд. $-ро ташкил дод

Соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 5 млрд. 285 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 2,9% ё худ 146,7 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили ҳудуди 3 млрд. доллари ИМА […]

Пайрав Чоршанбиев


Соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 5 млрд. 285 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 2,9% ё худ 146,7 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили ҳудуди 3 млрд. доллари ИМА шудааст. Соли сипаришуда Тоҷикистон бо 99 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 89 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Соли 2013 ҳаҷми содироти мол беш аз 1 млрд. 163 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи моҳҳои соли 20012 ба миқдори 14,4%  ё худ 196,2 млн. $ камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 4 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 9,1% ё худ беш аз 342 млн. $ зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар соли 2013 Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – 711 млн. $, Чин – 682 млн. $ ва Туркия – тақрибан 656 млн. $-ро ташкил дод.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2012 зиёда аз 5,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 15,1% ё худ 674 млн. $ зиёдтар буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров