Тӯли се соли оянда БОР ба Тоҷикистон қариб 314 млн. $ маблағгузорӣ мекунад

spot_imgspot_img

Дата:


Тайи се соли оянда (солҳои 2014-2016) Бонки осиёгии рушд (БОР) ба Тоҷикистон барномаи кӯмак дар ҳаҷми 313,9 млн. доллари ИМА бо шумули интизорӣ аз маблағгузории шарикони дигар оид ба рушдро пешниҳод карданист.

Зимни брифинг дар Душанбе рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си.Си.Ю. дар ин маврид изҳор кард, ки барномаи пешбинишуда ба беҳбуди робитаҳои минтақавӣ ва муҳити сармоягузорӣ нигаронида шудааст.

«БОР ба муоидат дар беҳбуди зербинои бахши энергетика ва нақлиёт, тавсеъаи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва хизматгузориҳои беҳтари иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон идома мебахшад», – гуфт ӯ.

Намояндаи бонк таъкид дошт, ки барномаи кумак дар давраи солҳои 2014-2016 лоиҳаҳои коҳиши талафоти барқ, таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар роҳандозии таълими касбиву техникӣ ва омӯзиш, бунёди роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон, рушди захираҳои обӣ ва дастгирии ислоҳот ҷиҳати беҳбуди муҳити сармоягузориро дар бар мегирад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда 1,2 млрд. доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок, бурсҳо ва кӯмаки техникӣ ҷудо кардааст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...