Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе

Рӯзҳои 22-24-уми январи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ доир мегардад. Ҳайати Тоҷикистонро нахуствазир Қоҳир Расулзода ва ҳайати Русияро муовини раиси ҳукумати Русия Игор Шувалов роҳбарӣ мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа баррасии 18 масъала оид […]

Заррина Эргашева


Рӯзҳои 22-24-уми январи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ доир мегардад. Ҳайати Тоҷикистонро нахуствазир Қоҳир Расулзода ва ҳайати Русияро муовини раиси ҳукумати Русия Игор Шувалов роҳбарӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа баррасии 18 масъала оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар назар буда, ҳамчунин дар чаҳорчӯби кори ҷаласа бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷратии Тоҷикистону Русия таҳти унвони «Русия – Тоҷикистон: Муколамаи тиҷоратӣ» конфронс созмон дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар қаламрави Тоҷикистон 125 корхонаи муштарак бо иштироки сармояи русиягӣ амал мекунанд, ки 15-то онҳо тайи се соли ахир таъсис дода шуданд. Аксари корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ҷойгиранд.

Соли 2013 ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия 1 млрд. 29 млн. 355,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандлаи соли 2012 ба андозаи 3,6% камтар аст. Соли 2013 ҳаҷми содирот ба 123 млн. $ ва воридот ба 906 млн. $ расид.

Дар содирот Русия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон ба шумор рафта, 10,6% аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистонро ишғол мекунад. Дар ҳаҷми умумии воридот ба Тоҷикистон низ Русия пешсаф боқӣ монда, ҳиссаааш ба 22% баробар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.