Баррасии лоиҳаи қонуни танзими санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

Дар ҷаласаи сеюми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар таҳрири нав масоили марбут ҷараёни таҳияи лоиҳаи ин қонун баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар кори ҷаласа мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи сеюми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар таҳрири нав масоили марбут ҷараёни таҳияи лоиҳаи ин қонун баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар кори ҷаласа мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари Гурӯҳи корӣ), муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини роҳбари Гурӯҳи корӣ), мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, муовинони вазири рушди иқтисод ва савдо, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  мушовири байналмилалӣ ва кормандони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон ва намояндагони бахши иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ лоиҳаи нахустини Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», ки бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи ислоҳоти низоми санҷишҳо аз ҷониби Гурӯҳи корӣ таҳия гардидааст, баррасӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба муқаррар кардани тартиби баргузор намудани санҷишҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор ва шахсони мансабдори мақомоти санҷиш ва ҳамчунин ҳимояти фаъолияти субъектҳо аз дахолати ғайриқонунӣ нигаронида шудааст.

Қонуни амалкунанда дар Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» соли 2006 қабул гардида, борҳо мавриди интиқоди соҳибкорон қарор гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.