Изҳороти адвокатҳои З.Саидовро раиси Судӣ олӣ рад кард


Зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев дар робита ба изҳороти адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов бобати имкон надоштани дастрас кардани нусхаи ҳукм ба зерҳимояашон мутобиқи муҳлатҳои муқаррашуда тибқи қонунгузорӣ, зикр кард, ки гуфтаҳои онҳо асоси воқеӣ надоранд.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз панҷ рӯзи содир шудани ҳукм, ба адвокатҳои соҳибкор пешниҳод шуд, ки нусхаи ҳукмро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, вале онҳо рад кардаанд.

«Таври маълум парвандаи Саидов таҳти муҳри махфӣ мавриди тафтиш қарор гирифта, ба мо ҳам таҳти ҳамин муҳр ворид шуд. Бо назардошти ин ҳолат, барои гирифтани нусхаи ҳукм мо аз адвокатҳои Саидов додани баёнот дар бораи ифшо накардани маълумотро талаб кардем, вале онҳо розӣ нашуда, аз гирифтани нусхаи ҳукм рӯ тофтанд», – зикр кард Абдуллоев.

Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала раисикунанда дар мурофиаи Зайд Саидов, судяи Суди олии Тоҷикистон Шавкат Абдулхайров изҳор кард, ки сарфи назар аз пушти дарҳои пӯшида баргузор шудани мурофиа, дар тамоми муддати мурофиа писар ва бародари судшаванда ва намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслӣ ва ягонаи ба парвандаи Саидов гузоштани муҳри махфӣ ҳузур доштани духтари ноболиғ дар он аст.

Дар робита ба масъалаи ба мурофиа роҳ дода нашудани намояндагони матбуот, Абдулхайров зикр кард, ки оид ба ин масъала ягон журналист ба ӯ муроҷиат накардааст.

spot_imgspot_img

Популярное