Чорабиниҳои коммунистони тоҷик дар робита ба солгарди фавти Ленин


Ба муносибати солгарди фавти доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин имрӯз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар шаҳру навоҳии бузурги ҷумҳурӣ чорабиниҳо баргузор мекунад.

Муовини раиси ҲКТ Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз макомоти раҳбарии ҳизб таҳти сарварии раиси коммунистони тоҷик Шодӣ Шабдолов ба пояи муҷассамаи В.Ленин дар ноҳияи Рӯдакӣ гулчанбарҳо гузоштанд.

«Чун ҳукуматдорон дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ягон муҷассамаи комили доҳии пролетариати ҷаҳонро боқӣ нагузоштаанд, имрӯз коммунистон тоҷик дар назди ҳайкалҳои нимтанаи Ленин, ки дар дохили биноҳо мавҷуданд, гулгузорӣ намуда,  дар суҳбатҳову мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳо аз доҳӣ ёдоварӣ мекунанд», – иброз дошт Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Хоруғ, Кӯлоб, Турсунзода ва Қӯрғонтеппа чорабиниву маҳфилҳои бахшида ба ёдбуди Ленин доир мегарданд.

spot_imgspot_img

Популярное