Нигаронии Ш.Салимзода аз коҳиши рӯҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонон

Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода аз коҳиши рӯхияи ватандӯстӣ миёни ҷавонони кишвар изҳори нигаронӣ намуд. Дар маводи аз номи ӯ нашршуда дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ин робита ӯ изҳор намудааст, ки санҷиши қонунгузориҳо дар мақомоти маориф, адлия ва идоракунии ҳарбӣ нишон додааст, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ватандустӣ коҳиш ёфта истодааст. Ба […]

ASIA-Plus


Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода аз коҳиши рӯхияи ватандӯстӣ миёни ҷавонони кишвар изҳори нигаронӣ намуд.

Дар маводи аз номи ӯ нашршуда дар рӯзномаи

«Ҷумҳурият»

дар ин робита ӯ изҳор намудааст, ки санҷиши қонунгузориҳо дар мақомоти маориф, адлия ва идоракунии ҳарбӣ нишон додааст, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ватандустӣ коҳиш ёфта истодааст.

Ба навиштаи ӯ, солҳои охир даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ба ин мусоидат менамоянд.

«Мисол, дар се соли охир дар Донишгоҳи давлатии тиҷорат  177 нафар,  Донишгоҳи омӯзгорӣ 113 ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ   223 донишҷӯ аз тарзи миллии номгузорӣ, ки пеш интихоб намуда буданд, даст кашида, ба тарзи пешинаи номгузорӣ (суффиксҳои “ов” ва “вич”) гузаштаанд», – зикр кардааст ӯ.

Дар идома ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки дар ҳамин давра аз ин донишгоҳҳо танҳо 2 нафар тарзи миллии номгузориро интихоб намуда, ҳолатҳои ба ин монанд дар дигар мактабҳои олии мамлакат низ дида мешаванд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова