Самти муҳоҷират бо мурури замон аз Русия ба Аврупо мекӯчад

Бо назардошти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар миёни насли ҷавони Тоҷикистон, дар оянда самти муҳоҷират метавонад аз Русия ба кишварҳои аврупоӣ кӯчад. Доктори илмҳои иқтисодӣ, узви Академияи улуми Тоҷикистон Саъдулло Исломов мегӯяд, ки бо гузашти вақт муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия ба кишварҳои аврупоӣ мераванд. Шояд ба Олмон ва Ҳоланд ҳиҷрат сурат пазирад ва он вақт […]

Исфандиёр Халилов


Бо назардошти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар миёни насли ҷавони Тоҷикистон, дар оянда самти муҳоҷират метавонад аз Русия ба кишварҳои аврупоӣ кӯчад.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, узви Академияи улуми Тоҷикистон Саъдулло Исломов мегӯяд, ки бо гузашти вақт муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия ба кишварҳои аврупоӣ мераванд. Шояд ба Олмон ва Ҳоланд ҳиҷрат сурат пазирад ва он вақт мушкилоти Русия бо муҳоҷирон камтар мешавад.

Вай афзуд: “Таҳқиқот нишон медиҳад, ки муҳоҷирони Осиёи Марказӣ асосан ба он кишварҳое ҳиҷрат мекунанд, ки мардумаш русзабонанд ё русӣ забони муошират байни мардум аст. Аз ҷумла, ба Русия, Белорусия, Қазоқистон ва дигар кишварҳое, ки забони русӣ дар он ҷо истифода мешавад. Вале феълан насли ҷавони Тоҷикистон ба омӯзиши забонҳои англисӣ, олмонӣ, чинӣ ва фаронсавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд, ки дар оянда шояд барои сафар ба кишварҳои англисзабон роҳ кушояд. Яъне самти муҳоҷират тағйир меёбад. Дар ин ҳолат он бори гароне, ки имрӯз аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бар дӯши Русия афтодааст, сабук хоҳад шуд”.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҳмон Улмасов дар ин бора чунин ибрози назар кард: “Раванди муҳоҷират аз фуруд омадани Одаму Ҳавво ба замин оғоз шудааст ва аз байн бурдани он ғайриимкон аст. Зеро мардум ҳамеша барои беҳтар кардани шароити зиндагии худ аз як шаҳри қафомонда ба шаҳри пешрафта, аз як кишвари камбизоат ба кишвари сарватманд ҳиҷрат мекунанд”.

Сарвари Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Анвар Бобоев бар ин назар аст, ки афзоиши раванди муҳоҷиратро боздоштан душвор аст. Зеро аз рӯйи пешгӯиҳои Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2050 дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ шумораи муҳоҷирон аз 240 миллиони феълӣ ба 405 миллион хоҳад расид. Тамоюли афзоиши муҳоҷират дар Тоҷикистон низ ба назар мерасад. Аз рӯйи маълумоти расмӣ, агар дар соли 2005 шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик 412 ҳазор бошад, дар охири соли 2013 ба 800 ҳазор расидааст.

Сабаби зиёдшавии шумораи муҳоҷиронро Анвар Бобоев аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон маънидод кард, ки солона ба андозаи 2 дарсад ба қайд гирифта мешавад. Вай афзуд, ки солона ба бозори меҳнат аз 150 то 180 ҳазор қувваи корӣ ворид мегардад.

Ба қавли ӯ, дар назди ҳукумат, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ вазифа гузошта шудааст, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатиро ба дигар кишварҳо кам кунанд ва дар дохил барои онҳо шароити корӣ муҳайё созанд.

Дар ҳамин ҳол Хусрав Шанбезода, муовини раиси Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ишораи узви Академияи улуми Тоҷикистон Саъдулло Исломов доир ба муҳоҷирати аҳолии Тоҷикистон ба кишварҳои аврупоиро зери суол бурда, гуфт: “Мо ду сол боз бо мушкили тамоюли муҳоҷирати донишҷӯёни тоҷик ба Амрико рӯ ба рӯем. Мо маҷбур шудем, аз чунин раванди муҳоҷират ба Амрико пешгирӣ кунем. Зеро он ҷавононе, ки забони англисиро хуб медонистанд ва ба Амрико рафтанд, ноумед баргаштанд. Аз ҳамин хотир бо ин қадар муҳоҷирони зиёде, ки дар Русия дорем, моро дар кишварҳои аврупоӣ қабул карданашон душвор ба назар мерасад”.


Дар акс: 

Анвар Бобоев, 


сарвари Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.