Тамоми масҷидҳои Душанбе бо видеокамераҳо муҷаҳҳазанд

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати иттиҳодияҳои ҷамъиятии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳҷон Завқиев изҳор кард, ки тамоми масҷидҳои шаҳри Душанбе комилан бо видеокамераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳазанд. Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар саросари ҷумҳурӣ 365 масҷидҳои марказии ҷомеъ ва намози ҷумъа амал […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати иттиҳодияҳои ҷамъиятии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳҷон Завқиев изҳор кард, ки тамоми масҷидҳои шаҳри Душанбе комилан бо видеокамераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳазанд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар саросари ҷумҳурӣ 365 масҷидҳои марказии ҷомеъ ва намози ҷумъа амал карда, дар ҳамаи онҳо видеокамераҳои мушоҳидавӣ гузошта шудаанд. «Ҳамчунин тамоми масҷидҳои намози панҷгонаи пойтахт, ки шуморашон 51 ададро ташкил медиҳад, низ бо видеокамераҳои мушоҳидавӣ таъмин карда шуданд», – гуфт ӯ.

Солеҳҷон Завқиев зикр кард, ки минбаъд таъмини тамоми масҷидҳои кишвар бо видеокамераҳои мушоҳидавӣ дар назар аст. «Чун имконоти масҷидҳои намози панҷгона дар деҳоти кишвар нокофист, видеокамераҳоро мо алҳол танҳо дар масҷидҳои намози ҷумъа насб кардем, вале ояндаи наздик масҷидҳои намози панҷгона низ бо ин гуна видеокамераҳо муҷаҳҳаз гардонида мешаванд», – афзуд номбурда.


Дар акс: видеокамера дар даромадгоҳи масҷиди ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби шаҳри Душанбе.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат