Президент ҳайати парлумонии САҲА-ро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шветсия ва Данияро, ки таҳти сарварии узви Кумитаи оид ба мудофиаи парлумони ин созмон Кент Харстед дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуда, […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шветсия ва Данияро, ки таҳти сарварии узви Кумитаи оид ба мудофиаи парлумони ин созмон Кент Харстед дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуда, зикр гардид, ки Тоҷикистону САҲА дар се самти асосӣ – сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва рушди инсонӣ ҳамкории босамар доранд.

Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, тақвияти муҳофизат ва идораи марзи давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, бартарафсозии мушкилоти ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, поксозии қаламрави Тоҷикистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда ва рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зоҳир гардид.

Бо қаноат тазаккур дода шуд, ки масъалаи ҷалби Афғонистон ба фаъолияти САҲА ба ҳайси шарик оид ба ҳамкорӣ маҳз аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида, дастгирӣ ёфта буд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳои мазкур ва дигар бахшҳо таъкид доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.