Сафир: Мушкили мусофирони тоҷик дар фурудгоҳи «Манас» ҳал шуд

Ҳудуди 100 нафар мусофирон, ки имрӯз аз Душанбе ба Бишкек омадаву ба Душанбе баргаштанӣ буданд, дар фурудгоҳи «Манас»-и шаҳри Бишкек бозмонданд. Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон як нофаҳмие сари масъалаи фаннӣ, ки дар фурудгоҳи «Манас»-и Бишкек мусофирони тоҷик ба он дучор […]

ASIA-Plus


Ҳудуди 100 нафар мусофирон, ки имрӯз аз Душанбе ба Бишкек омадаву ба Душанбе баргаштанӣ буданд, дар фурудгоҳи «Манас»-и шаҳри Бишкек бозмонданд.

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон як нофаҳмие сари масъалаи фаннӣ, ки дар фурудгоҳи «Манас»-и Бишкек мусофирони тоҷик ба он дучор шуданд, танзим шуд.

Ба гуфтаи ӯ, мусофирони ба Бишкек омада аллакай тамоми расмиётро ба анҷом расонида, аз фурудгоҳ берун омадаанд ва ҳамчунин саворшавӣ ба хатсайри Душанбе ба итмом расидааст.

Номбурда изҳор кард, ки ҳеҷ гуна манъи вуруд ё хурӯҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Бишкек мавҷуд нест. «Вазъ таҳти назорат буда, ин танҳо як нофаҳмие сари масъалаи фаннӣ буду халос», – иброз дошт сафир.

Бино ба иттилои чанде аз ВАО, ҳудуди 40 нафар мусофирон аз Тоҷикистон, ки имрӯз ба Бишкек омда буданд, дар минтақаи буферии фурудгоҳи «Манас» нигоҳ дошта шуда, ба саривақт гирифтани иҷозатномаи вуруд ба Қирғизистон имкон надоштанд. Ҳамчунин ҳудуди 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон парвоз аз Бишкекро интизорӣ доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.