Муовини аввали раиси ҲНИТ ба тасаллияти хонаводаи Тоҷиев рафт


Муовини аввали раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ҷиҳати расонидани таъзияи роҳбарияти ҳизб ба хонаводаи Умедҷон Тоҷиев рӯзи 21-уми январ озими деҳаи Чоркуҳи ноҳияи Исфара гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Тавре С. Ҳусайнӣ гуфтааст, дар дидор ва суҳбат бо аҳли хонаводаи Умедҷони шаҳид ва дигаре аз бародарону ҳаводорони Наҳзат аз номи Раёсати олии ҳизб таъзия ва тасаллият арз дошта, ҳамаро ба сабр даъват намудааст.

Ҳамчун бо пешниҳоди бародарони наҳзатии Исфара, ки хайрияе барои марзбонони тоҷик  аз ҷониби сокинони Чоркуҳ ҷамъоварӣ кардаанд, С. Ҳусайнӣ тасмим гирифтааст, ки ин корвонро то ситоди неруҳои марзбонӣ дар ин минтақа сарпарастӣ намояд.

Ӯ зикр кардааст, ки мардумро марги ғайриинтизори Умедҷон нигарон сохтааст, вале дар баробари ин вақте сокинони он тарафи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ба дохили кишвари дуввумӣ интиқол медиҳанд, нигаронии дигареро ба бор овардааст, ки ин раванд ба чӣ хотир сурат мегирифта бошад. Дар ҳоле ки дар Исфара вазъият орому ҳама пайи рӯзггори худанд.

spot_imgspot_img

Популярное