Боздошти ду шаҳрванди хориҷӣ аз ҷониби кормандони АНМН

Чанд рӯз қабл кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар ду шаҳрванди хориҷиро боздошт намуданд, ки аз онҳо зиёда аз 23 кг маводи нашъаовар мусодира гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Агентӣ шаби 21 январ дар шоҳроҳи Ҳамадонӣ – Душанбе автомашинаи […]

ASIA-Plus


Чанд рӯз қабл кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар ду шаҳрванди хориҷиро боздошт намуданд, ки аз онҳо зиёда аз 23 кг маводи нашъаовар мусодира гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Агентӣ шаби 21 январ дар шоҳроҳи Ҳамадонӣ – Душанбе автомашинаи тамғаи “Нива-Шевроле”-ро боздошт намуданд.

Дар рафти азназаргузаронии он дар дохили автомашина 3 лингча ва як борхалта ошкор карда шуд. Дар дохили он 23 кг 500 гр маводи нашъаовари бангдона мавҷуд буд, ки ба шаҳрванди 35-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сокини вилояти Тахор М.И. тааллуқ дошт.

Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки М.И. соли 2008 барои фурӯши 8 кг героин аз тарафи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 15 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда буд.

Соли 2009 барои давом додани иҷрои ҷазо ба муассисаи ислоҳшавии вилояти Тахори Афғонистон гузаронида шуд. Соли 2013 аз муассисаи ислоҳшавӣ озод гардида, барои худ хулосаи дуруст набаровард.

Қарор дод ба Тоҷикистон ояд, то ин ки робитаҳои ҷиноии худро барқарор намояд ва интиқоли маводи нашъаоварро аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон, баъдан ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Россия давом диҳад. Аммо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт гардид.

Аз тарафи Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои ҷиноятҳое, ки бо қ. 4 моддаи 200 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, оғоз гардидааст.

Айни ҳол чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ оид ба муайян намудани ҳолати кор ва шахсоне, ки ба ҷиноят мансубият доранд, гузаронида мешаванд.

Кормандони шӯъбаи дар ноҳияи Мурғоб будаи Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар мавзеи Ҷамантол ҳангоми азназаргузаронии машинаи тамғаи «Jieng Fang» ба ронандаи машина – шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой таваҷҷӯҳ намуданд, ки ӯ асабона рафтор менамуд: кӯшиш менамуд зудтар аз ҷои азназаргузаронӣ ҳаракат намояд.

Кормандони оперативӣ қарор доданд, ки автомашинаро бодиққат аз назар гузаронанд ва дар кабинаи он як махфигоҳро ошкор намуданд, ки дар он як бастаи селлофанӣ пинҳон карда шуда буд ва дар дохили он маводи нашъовари ҳашиш печонида шуда буд.

Ронандаи автомашина ба ҷазои интизомӣ кашида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.