Сӯзонидани ҳудуди 144 кило маводи мухаддир дар АНМН

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон як миқдор маводи мухаддир нобуд карда шуд. Сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ Хушунд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар оташдонҳои махсуси Агентӣ ин дафъа 144 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 43,5 кило героин, 3,4 кило афюн ва 96 кило маводи мухаддири […]

Аваз Юлдошев


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон як миқдор маводи мухаддир нобуд карда шуд.

Сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ Хушунд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар оташдонҳои махсуси Агентӣ ин дафъа 144 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 43,5 кило героин, 3,4 кило афюн ва 96 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис сӯзонида шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далели шайъӣ дар 3 парвандаи ҷиноӣ истифода гардида, аз рӯи онҳо ҳукми додгоҳ содир шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ин маросим бо тартиби муқаррашудаи қонунгузорӣ ва дар ҳузури комиссияи иборат аз кормандони мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу рӯзноманигорон гузаронида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.