Интиқоли беш аз 40 млн. кВт/соат барқ ба Афғонистон дар моҳи декабр

Дар муқоиса бо моҳи ноябри соли 2013 моҳи декабри соли гузашта ҳаҷми  истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ қариб 8% афзуд. Бино ба маълумоти гузориши «Низоми мониторинг ва огоҳкуни пешакӣ дар Тоҷикистон», ки ҳар моҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ аз рӯи лоиҳаи Барномаи рушди СММ таҳия мегардад, моҳи декабр дар саросари кишвар […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар муқоиса бо моҳи ноябри соли 2013 моҳи декабри соли гузашта ҳаҷми  истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ қариб 8% афзуд.

Бино ба маълумоти гузориши «Низоми мониторинг ва огоҳкуни пешакӣ дар Тоҷикистон», ки ҳар моҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ аз рӯи лоиҳаи Барномаи рушди СММ таҳия мегардад, моҳи декабр дар саросари кишвар 1 млрд. 418 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи ноябр 42,4 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол,  моҳи декабри соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2012 ба миқдори 78,2 млн. кВт/соат камтар буд.

Моҳи декабр ҳаҷми умумии истифодаи барқ дар саросари кишвар ба беш аз 1 млрд. 368 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи ноябр 10,1% зиёдтар мебошад.

Моҳи декабри соли равон нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба кишвари ҳамсояи Афғонистон дар ҳаҷми 41 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ба миқдори 17,4 млн. кВт/соат камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблаги умумии 33,2 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар нерӯи барқ содирот кардааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2012 қариб ба андозаи 56% бештар мебошад.

Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби коҳиши маҷрои дарёи Вахш ба обанбори Норак, аз охири моҳи октябри соли гузашта дар манотиқи кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби  марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.