Мусовии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон бо Эстония

Дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии ифтитоҳии Ҷоми Иттиҳод-2014 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон ва Эстония ба итмом расид. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ тезу тунд сурат гирифта, мусовӣ – бо ҳисоби 2 бар 2 анҷом пазируфт. «Футболбозони ҷавони тоҷикро лозим омад, ки ду дафъа дар ҷараёни бозӣ ҳисобро баробар кунанд. […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии ифтитоҳии Ҷоми Иттиҳод-2014 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон ва Эстония ба итмом расид.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ тезу тунд сурат гирифта, мусовӣ – бо ҳисоби 2 бар 2 анҷом пазируфт.

«Футболбозони ҷавони тоҷикро лозим омад, ки ду дафъа дар ҷараёни бозӣ ҳисобро баробар кунанд. Ҳисобро дар дақиқаи 28-ум футболбозони эстонӣ кушоданд. Дар аввали қисми дуюм (дақ. 48-ум) Фирӯз Раҳматов ҳисобро мусовӣ кард. Дар дақиқаи 74-ум ҳарифон боз як голи дигар ба дарвозаи Тоҷикистон ворид карданд, аммо дар дақиқаи 90+1-уми бозӣ футболбози тоҷик Абдурасул Раҳмонов боз ҳисобро баробар кард», – иттилоъ медиҳад ФФТ.

Зимнан зикр мегардад, ки аз дастаи Тоҷикистон ҳарду тӯбро футболбозони тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ба ҳадаф расониданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.