Дар Сарбанд пас аз як соли ҷустуҷӯ дузди ноболиғ дастгир карда шуд

Date:


Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон пас аз як соли ҷустуҷӯ дузди ноболиғ дастгир карда шуд. Аз дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти умумии рақами 6 Д.Х.-ро ба гумони даст доштан дар дуздӣ (моддаи 248 Кодекси ҷиноии ҶТ) датгир карданд.




Бино ба иттилои манбаъ, ҷиноят моҳи июли соли гузашта содир гардида, боздоштшуда аз хонаи ҳамсоя ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ молҳои қиматбаҳоро ғорат карда буд.



«Ӯ муддати беш аз як сол молҳои дуздидаро дар хонааш пинҳон кардааст ва зимни дастгир намудан онҳо чун далели шайъӣ мусодира карда шуданд», – афзуд сарчашма.




 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...