Моҳи шарифи Рамазон аз 1-уми сентябр оғоз меёбад

Date:


Душанбе 15 август. ОИ «Азия-Плюс» –

  

Шӯрои уламои Тоҷикистон оғози моҳи шарифи Рамазонро 1-уми сентябр муқаррар намуд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» котиби раиси Шӯрои уламо Саломатшо Шокиров изҳор дошт, ки дирӯз бахшида ба масоили омодагиҳо ба моҳи Рамазон ҷаласаи шӯро доир гардидааст.




Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа имомхатибони масҷидҳои тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва намояндагони мақомоти давлатии марбут ба масоили дин иштирок карданд.



Ҳаҷми закоти мол ба маблағи 250 сомонӣ аз 10 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд. Ҳамчунин садақаи иди фитр 3 сомонӣ муқаррар гардид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related