Нашъафурӯши ноболиғ ба даст афтод

Date:


Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар истгоҳи қатораи мусофирбари пойтахт кормандони шӯъбаи мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёт ба гумони нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир толибилми синфи даҳуми мактаби миёнаи рақами 5-и шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд.




Аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми кофтукови борхалтаи боздоштшуда ҳудуди 1 кило маводи мухаддири навъи марихуана дарёфт ва мусодира карда шудааст.



«Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, нашъафурӯш ба ҳабс гирифта шуд», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...