Раиси Бонки миллӣ: Мо ба Занҷонӣ рабте надорем



Бонки милли Тоҷикистон ба қазияи тоҷири маъруфи эронӣ Бобак Занҷонӣ, ки охири моҳи декабри соли 2013 дар Эрон бо иттиҳоми даст доштан дар корҳои коррупсионӣ дастгир шуда буд, рабте надорад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси бонк Абдуҷаббор Ширинов эълон дошт.

Ӯ афзуд: «Он маълумотномае, ки Бобак Занҷонӣ ба ҳукумати Эрон ҳамчун далел пешниҳод кардаасту гӯё маълумотномаи Бонки миллии Тоҷикистон аст, коғазе беш нест ва дар он ягон муҳр ва имзои Бонки миллӣ ҳатто нест».

Ширинов таъкид дошт, ки ҷиҳати хотима бахшидан ба овозаҳо оид ба рабти Бонки миллӣ ба қазияи Занҷонӣ аз ҷониби Бонки милли Тоҷикистон гурӯҳи махсус ташкил гардид, ки ҳаракатҳои мабалағҳоро дар суратҳисоби “Конт Investment Bank”, ки созмондиҳандаи он Занҷонӣ аст, санҷид. Ӯ бо боварӣ таъкид дошт, ки Боки миллии Тоҷикистон ба он 2млрд. доллари ғайбзада дахле надорад.    

Ёдовар мешавем, Тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки сармояаш тибқи баъзе маълумот 13,8 млрд. $ арзёбӣ мешавад, рӯзи 31-уми декабр дар Эрон ба ҳабс гирифта шуд.


Бино ба маълумоти ВАО-и Эрон, Занҷонӣ дороии худро аз фурӯши нафти хом тариқи ширкатҳои пинҳонӣ ба даст овардааст. Дар ин робита ИМА ва Иттиҳоди Аврупо тоҷири эрониро барои риоя накардани таҳримҳои ҷоришуда нисбати Эрон ба «рӯйхатҳои сиёҳ»-и худ шомил сохтанд. Б. Занҷонӣ соҳибкори муваффақест, ки 64 корхонаи ӯ дар кишварҳои Малайзия, АМА, Туркия, Ирон ва Тоҷикистон фаъолият доранд.

Дар Тоҷикистон Занҷонӣ ба ғайр аз “Kont Investment Bank” ҳамчунин соҳиби имтиёзи ширкатҳое чун “Asian Express Airline”, Kont Buil-ding, “Asian Express” аст ва Терминали автобусҳои Душанбе ва Маркази тиҷоратии Душанбе аз тарҳҳои онҳо ба шумор мераванд.

Аввали моҳи майи соли равон раҳбарияти Kont Investment Bank муносибат доштани бонк бо тоҷири эронӣ Бобак Занҷониро

 рад намуда

, изҳороти Вазорати молияи ИМА дар бораи қатъи амали дороиҳои бонкро беасос арзёбӣ кард.

Дар робита ба ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати фаъолияти ҶСК «Kont Bank investment»  аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, бонк ҳаҷми сармояи худро 

афзуда натавонист.

Сухангӯи ҶСП «Холдинг Конт Групп Тоҷикистон» Далери Абдулло ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бонк соли 2011 бо сармояи 50 млн. сомонӣ (беш аз 10 млн. $) таъсис дода шуда, соли 2011 ҳаҷми сармояи оинномавии бонк то ба 150 млн. сомонӣ (31,4 млн. $) расонида шуд.

«Тӯли солҳои 2012-2013 то ба 500 млн. сомонӣ расонидани  сармояи бонк дар назар буд, вале бонк ба ин муваффақ шуда натавонист, зеро яке аз сабабҳои асоси он таҳримҳои Раёсати назорати дороиҳои хориҷии назди Вазорати молияи ИМА буд, ки аввали соли 2013 эълон гардида буд», – шарҳ дода буд ӯ.

spot_imgspot_img

Популярное