Нотаи ВКХ Қирғизистон дар мавриди дастаи Шоҳ Искандаров



Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар мавриди ба Ворух омадани дастаи генерал Шоҳ Искандаров ба Тоҷикистон нотаи навбатии чорумро ирсол намуд. Дар ин бора хабаргузории «24.kg» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКХ Қирғизистон, ба ВКХ Тоҷикистон оид ба номақбул будани таҷаммӯъи зиёди нерӯҳои низомӣ дар ноҳияи наздимарзӣ нотаи дахлдор фиристода шудааст. Хабаргузории қирғиз менависад, ба ВКХ Қирғизистон аллакай аз Тоҷикистон посухи расмӣ расидааст.

«Ҳукуматдорони кишвари ҳамсоя изҳор намуданд, ки ба тафтиши муштараки муноқиша розӣ буда, ҳамчунин ваъда доданд, ки нерӯҳои низомиро аз қаламрави ноҳияи Исфара дуртар мебаранд. Айни замон ҷузъиёти баргузории ин тадбир ва ҳайати комиссияи дуҷонибаи тафтиши муноқиша дар марз мавриди баррасӣ қарор дорад», – иттилоъ медиҳад «24.kg» бо истинод ба ВКХ Қирғизистон.

Ёдрас мекунем, ки ВАО-и Русия қаблан иттилоъ дода буданд, ки дар наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон

то 150 нафар низомиёни мусаллаҳи дастаи генерал Шоҳ Искандаров

ба мушоҳида расидаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ҷиҳати иштирок дар кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизисон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ имрӯз

ба Бишкек раҳсипор шуд.

spot_imgspot_img

Популярное