Маркази барқу гармидиҳии 2 дар оянда бо гази табиӣ фаъолият хоҳад кард

Ба хотири беҳтар кардани вазъи муҳитзистии пойтахт, фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии 2 дар оянда аз ангишт ба гази табиӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора имрӯз, 30-юми январ вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонов зимни нишасти хабарӣ иттилоот дод. Ба гуфтаи вазир, гузаронидани Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) аз шакли ангиштӣ ба гази табиӣ осон […]

Исфандиёр Халилов


Ба хотири беҳтар кардани вазъи муҳитзистии пойтахт, фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии 2 дар оянда аз ангишт ба гази табиӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора имрӯз, 30-юми январ вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонов зимни нишасти хабарӣ иттилоот дод.

Ба гуфтаи вазир, гузаронидани Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) аз шакли ангиштӣ ба гази табиӣ осон аст. Вай афзуд: “Мо умедворем, ки ширкати “Газпром” дар Тоҷикистон оянда гази табииро истихроҷ мекунад ва мо фаъолияти Маркази барқу гармидиҳиро пурра бо газ ба роҳ мемонем. Дар ин сурат мушкили экологӣ аз байн меравад”.

Усмонов мегӯяд, ки фаъолияти МБГ 2-и шаҳри Душанбе бо иқтидори 40-45 мегават идома дорад. Зиёда аз 50 ҳазор тон ангишт захира шудааст, ки то моҳи апрел мерасад. Дар назар аст, ки то охири моҳи апрел турбинаи дуввум ҳам ба фаъолият оғоз кунад.

Вай афзуд: “Зеристгоҳҳо ва системаи МБГ 2 ягон камбудӣ надорад. Фаъолияти ин марказ танҳо барои фасли зимистон пешбинӣ шудааст. Зеро норасоии барқ асосан дар зимистон ба мушоҳида мерасад. Дар дигар фасли сол ба истифодаи МБГ 2 зарурат нест”.

Вазир оид ба масъалаи муҳитзистии ин марказ гуфт, ки намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар давоми ду ҳафтаи охир онро санҷида баромаданд. Ба қавли Усмонов, ҳамаи моддаҳои олудакунандаи ҳаво аз меъёр паст буда, ягон камбудӣ вуҷуд надорад. Вазир ҳамчунин гуфт:

– Мо намехоҳем, ки кори ин марказ аз як тараф фоидаовар ва аз ҷониби дигар бар зарари аҳолӣ бошад. Ҳангоми пешниҳоди лоиҳа аз тарафи Вазорати энергетика ва саноат талаботи қатъӣ пеш гузошта шуд, ки беҳтарин системаи тозакунандаи ҳаво насб гардад. Ҳоло дар марказ ду системаи ҳавотозакунӣ истифода мешавад. Дар 72 соати аввали фаъолияти марказ мутахассисон кори ҳавотозакуниро санҷиданд ва ҳангоми то иқтидори 47 мегават боло бурдан яке аз дастгоҳҳо мушкил пайдо кард. Ин ягон сирри махфӣ нест, мо кори онро манъ кардем ва баъди бартараф кардани мушкилӣ аз нав ба кор даровардем. Ин якумин маркази гармидиҳӣ дар дохили шаҳр нест, ки хавотир бошем. Дар Бишкек бо иқтидори 600 мегават кор мекунад. Дар Алмаато ва бисёр шаҳрҳои Чин чунин марказҳо фаъолият доранд.

Ёдрас мекунем, ки иқтидори МБГ 2-и шаҳри Душанбе 100 мегават пешбинӣ гардидааст ва он бо сарфи 179 миллион доллар сохта, ба истифода дода шудааст.

Усмонов ҳамчунин изҳор дошт, ки нерӯгоҳи Сангтӯда 2 аз моҳи декабри соли 2013 инҷониб фаъолият намекунад. Ба қавли вазир, сабаби кор накардани нерӯгоҳ созишномаи миёни Душанбеву Теҳрон дар мавриди гузаронидани ташхиси техникӣ аст. Тибқи ин созишнома, нерӯгоҳ баъд аз як соли фаъолият бояд аз ташхиси техникӣ гузарад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.