Усмонов: Сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба итмом мерасонем

Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонов мутмаин аст, ки доир ба лоиҳаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун баҳои мусбат дастрас хоҳад гардид. Зимни нишасти хабарӣ ӯ дар ин робита изҳор кард, ки коршиносони байнулмилалӣ қисмати зиёди корҳои арзёбии лоиҳаро ба охир расонида, қисмати асосии он тобистони соли равон ба анҷом мерасад. Ба гуфтаи Усмонов, тибқи […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонов мутмаин аст, ки доир ба лоиҳаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун баҳои мусбат дастрас хоҳад гардид.

Зимни нишасти хабарӣ ӯ дар ин робита изҳор кард, ки коршиносони байнулмилалӣ қисмати зиёди корҳои арзёбии лоиҳаро ба охир расонида, қисмати асосии он тобистони соли равон ба анҷом мерасад.

Ба гуфтаи Усмонов, тибқи мувофиқа бо Бонки ҷаҳонӣ, дар майдони сохтмони нерӯгоҳ айни замон танҳо корҳои барқароркунӣ ҷараён доранд. «Пас аз дастрас кардани хулосаи Бонки ҷаҳонӣ ва ширкатҳои мушовир мо ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун оғоз мекунем», – иброз дошт вазир.

Номбурда бори дигар изҳори итминон кард, ки ин масъала барои Тоҷикистон мусбат ҳаллу фасл шуда, «мо ба идомаи сохтмони чунин нерӯгоҳи барои кишвар зарур ва муҳим имкон падо мекунем».

Қобили зикр аст, ки соли 2010 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи баргузор намудани ташхиси байнулмилалии арзёбии фанниву иқтисодӣ ва арзёбии экологиву иҷтимоии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» созишнома ба имзо расида, моҳи феврали соли 2011 ширкати «Poyry Energy Ltd» паймонкори доир сохтани ин ташхис интихоб шуд.

Нахуст Бонки ҷаҳонӣ изҳор кард, ки натиҷаҳои ташхис тобистони соли 2012 пурра омода мегарданд. Баъди фаро расидани ин муҳлат Бонки ҷаҳонӣ боз изҳор кард, ки ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» моҳи феврали соли 2013 ба итмом мерасад. Пас аз фаро расидани ин муҳлат бошад, Бонк дигар аз ифшои муҳлати мушаххаси анҷоми ташхис худдорӣ варзида, корҳои таҳқиқотиву арзёбӣ то ҳол идома доранд.

Ахири соли гузашта марҳалаи чоруми машварати намояндагони кишварҳо ва ҷомеаи шахрвандӣ барои натиҷаи таҳқиқи нерӯгоҳи обии Роғун дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар иттилоияи баъди машварат пахшшуда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ зикр гардид, ки санаи баргузории марҳилаи панҷуми вохӯриҳо бо намояндагони кишварҳои ҳавзаи дарё каме дертар муайян карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.