Модару хоҳари Икромзода ҷиҳати гуруснанишинӣ ба назди маҳбас ҳозир шуданд

Зулайхо Ҷӯраева ва Дилхоҳ Икромзода – м одару хоҳари Ҳамза Икомзода, ки эҳтимолан бар асари шиканҷа дар маҳбас фавтидааст, нисфирӯзии 1-уми феврал бо мақсади оғози гуруснанишинӣ ба назди муассисаи ислоҳии №1 шаҳри Душанбе ҳозир шудаанд. Хабарнигори “Азия-Плюс” аз маҳалли рӯйдод иттилоъ медиҳад, ки беш аз 15 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди бинои муассиса ҷамъ […]

Азия-Плюс



Зулайхо Ҷӯраева ва Дилхоҳ Икромзода – м




одару хоҳари Ҳамза Икомзода, ки эҳтимолан бар асари шиканҷа дар маҳбас фавтидааст, нисфирӯзии 1-уми феврал бо мақсади оғози гуруснанишинӣ ба назди муассисаи ислоҳии №1 шаҳри Душанбе ҳозир шудаанд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” аз маҳалли рӯйдод иттилоъ медиҳад, ки беш аз 15 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди бинои муассиса ҷамъ шуда, аз рӯзноманигорон таваҷҷуҳ накардан ба модару хоҳари гирён ва фавран дур шудан аз минтақаи назди маҳбасро тақозо кардаанд. Дар акси ҳол кормандони милиса таҳдид намудаанд, ки рӯзноманигоронро якҷо бо модару хоҳари Икромзода боздошт карда, ба шуъбаи корҳои дохилӣ мебаранд.

Ба гуфтаи хабарнигори “Азия-Плюс”, 

дар ин рӯзи сарду барфӣ


ба маҳалли гуруснанишинии пешбинишуда ба ҷуз модару хоҳари Икромзода ҳеҷ нафаре аз хешовандони маҳбусони дигар наомадаанд.

Вай афзуд, ки рӯзноманигоронро 5-6 корманди милиса иҳота карда, ба аксбардорӣ ва сабти видео иҷозат намедиҳанд. Яке аз рӯзноманигорони аксгирифтаро маҷбур кардаанд, аксҳои бардоштаашро аз дастгоҳ пок кунад.

Субҳи имрӯз Дилхоҳ Икромзода ба Хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки дирӯз кормандони милиса, КДАМ ва ҳукумати Ҳисор ба хонаи онҳо ҷамъ омада, кӯшиши пешгирии баргузории гуруснанишинӣ кардаанд.

“Онҳо аз мо талаб доштанд, ки аз гуруснанишинӣ даст кашем. Вале мо дар навбати худ аз онҳо тақозо кардем, ки Давлатёр Қурбонов, яке аз шоҳидони қазияи Ҳамза Икромзода аз тавқифгоҳи ҷаримавии маҳбас озод карда шавад. Аммо онҳо посухи қонеъкунандае надоданд”, – гуфт Дилхоҳ Икромзода.

Ёдовар мешавем, 31-уми январ модари Ҳамза Икромзода – Зулайхо Ҷураева ба Хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ дода буд, ки беш аз 10 нафар аз хешовандони маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми феврали соли ҷорӣ, соати 10:00 ба гуруснанишинӣ дар назди бинои ин маҳбас оғоз мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.