Аз даст рафтани 120 млн. $ бар асари набудани бозори фурӯши барқ

Бар асари набудани бозори фурӯши барқ дар мавсими тобистон, Тоҷикистон ҳамасола беш аз 100 млн. $ маблағи фурӯш аз нерӯи барқро аз даст медиҳад. Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар мавсими тобистони соли гузашта дар нерӯгоҳҳои барқии нисбатан бузурги кишвар партоби холии об дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Бар асари набудани бозори фурӯши барқ дар мавсими тобистон, Тоҷикистон ҳамасола беш аз 100 млн. $ маблағи фурӯш аз нерӯи барқро аз даст медиҳад.

Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар мавсими тобистони соли гузашта дар нерӯгоҳҳои барқии нисбатан бузурги кишвар партоби холии об дар ҳаҷми баробар ба истеҳсоли 4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ сурат гирифтаааст, ки агар фурӯши он аз рӯи нархи пасттарин (0,03 $ барои 1 кВт/соат) ҳисоб шавад, 120 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«То соли 2009 Тоҷикистон бо низоми ягонаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ пайваст буда, зимистон аз он нерӯи барқ мегирифт ва тобистон ба ивази он нерӯи барқ интиқол мекард. Имрӯз мо маҷбурем, ки оби нерӯгоҳҳоро холӣ партоб кунем, зеро бозори фурӯш мавҷуд нест. Сарфаи нерӯи барқ бошад, аз нигоҳи фаннӣ ғайриимкон аст», – гуфтанд дар вазорат.

Дар вазорат ҳамчунин зикр карданд, ки дар мавсими тобистон нерӯи барқи Тоҷикистон танҳо тариқи як хати интиқоли барқи «Сангтӯда» – Пули Хумрӣ ва аз он ҷо минбаъд то Кобул ба Афғонистон интиқол дода мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорат, соли 2013 дар Тоҷикистон беш аз 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, ҳаҷми воқеъии талафоти он зиёда аз 2,5 млрд. кВсоат (15% аз ҳаҷми умумии истеҳсол)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 0,5% зиёдтар аст. Маблағи умумии фурӯши барқ ба ҳудуди 1,1 млрд. сомонӣ (тақрибан 230 млн. $) баробар шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.