Даъвати Шукурҷон Зуҳуров ба конфронс дар Теҳрон



Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо кордори сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Саидмаҳамуди Садрӣ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, Шукурҷон Зуҳуров дипломатии Эрониро хайрамақдам гуфта, фарорасии 36-умин солгарди рӯзи истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки ҳамасола рӯзи 11 феврал ҷашн гирифта мешавад ба онҳо муборакбодӣ намуда, ба миллати дӯст ва бародари Эрон пешрафту шукуфоӣ, ривоҷу равнақ, муваффақият ва касби дастовардҳои бештареро таманно намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбе ва Теҳрон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки Тоҷикистон хостори тақвияти муносибот дар ҳамаи заминаҳо аст.

«Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тараққиёту пешрафтҳое, ки дар тӯли 36 соли пирӯзии инқилоби исломӣ дар кишвар ба даст овард, бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки кишварҳои исломӣ низ метавонанд дар радифи дигар мамлакатҳои тараққикардаи ғарбӣ ҳамчун кишвари пешрафта арзи ҳастӣ кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари ҳамзабон будан, ҳамчунин дорои муштаракоти таърихӣ, фарҳанӣ ва динӣ мебошанд ва ин муштаракот барои рушду густариши муносиботи кишварҳоямон заминаи мусоид фароҳам овардааст», – иброз дошт Ш.Зуҳуров.

Кордори сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Саидмаҳамуди Садрӣ аз номи Раиси парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алӣ Лоринҷонӣ даъватномаро ҷиҳати иштироки Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар кори иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди Парламентии Давлатҳои –аъзои Созмони Конфронси Исломӣ супурд, ки рӯзҳои 18-19 феврали соли 2014 дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад.

Саидмаҳмуди Садрӣ ҳамчунин иброз намуд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи солҳои охир раванди рушду равнақро касб намуда, нисбат ба солҳои гузашта тараққӣ ёфта истодааст.

«Боздиди пайвастаи мақомҳои гуногуни олирутбаи ду кишвар ба ҷумҳуриҳои якдигар яке аз сабабҳои асосии таҳкими ин муносибот ба шумор меравад», -гуфт дар анҷоми мулоқот дипломати эронӣ.

spot_imgspot_img

Популярное