Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализода дар робита ба ҳодисаи марги як узви фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Умедҷон Тоҷиев изҳори нигаронӣ намуда, аз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намуд, ки ҳодисаи мазкур мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор дода шавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, ахири моҳи январ дар ин бора ба унвони Прокурори генералии ҶТ мактуби дахлдор фиристода шуд
Ёдрас мекунем, ки Умедҷон Тоҷиев рӯзи 19 январи соли ҷорӣ дар Беморхонаи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҳалокат расид.



