Дар қаламрави Қирғизистон 30 иншооти асосии Тоҷикистон мавҷуд аст

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон пешакӣ молики иншооти баҳсноки воқеъ дар қаламрави ҳарду кишварро муайян кард. Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни ҷаласаи 12-уми ин Комиссия муайян карда шудааст, ки дар қаламрави Қирғизистон 30 иншооти асосии Тоҷикистон мавҷуд буда, тибқи маълумоти пешакӣ, чунин иншооти […]

Пайрав Чоршанбиев



Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон пешакӣ молики иншооти баҳсноки воқеъ дар қаламрави ҳарду кишварро муайян кард.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни ҷаласаи 12-уми ин Комиссия муайян карда шудааст, ки дар қаламрави Қирғизистон 30 иншооти асосии Тоҷикистон мавҷуд буда, тибқи маълумоти пешакӣ, чунин иншооти Қирғизистон дар Тоҷикистон 6 адад будааст, вале барои собит сохтани ҳуқуқи моликият ба онҳо мебояд корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ахири Комиссия гурӯҳи кории байниҳукуматии ҳарду кишвар таъсис дода шудааст, ки айни замон ба ҳалли ниҳоии иншооти баҳснок машғуланд.

Қобили зикр аст, ки ин иншоот асосан дар наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ буда, ба кадом ҷониб тааллуқ доштани 36 иншоот дар сатҳи маҳаллӣ ҳеҷ ҷойи баҳс надорад, вале дар сатҳи байниҳукуматӣ ин масъала то ҳанӯз нашудааст.

Замони шӯравӣ марзҳои кишварҳо дақиқан муайян набуданд ва аксари иншооти як кишвар дар қаламрави кишвари дигар воқеъ буда метавонистанд. Аммо пас аз рӯйдодҳои ахир дар марз, зарурати ҳалли ҳарчи зудтари ин масъала пеш омадааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11-уми январи соли ҷорӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон миёни марзбонони ҳарду кишвар муноқишаи мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст. Пас аз ин Қирғизистон якҷониба марзҳояш бо Тоҷикистонро баст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.