Шубҳаи Р.Зойиров аз саҳеҳияти маълумоти дастгоҳи Омбудсмен

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон» Раҳматилло Зойиров ба  маълумоти  ахири намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқ (Омбудсмен)-и Тоҷикистон дар бораи зиндаву саломат будани маҳбус Маҳмадраҳим Саидов шубҳа дорад. Ду рӯз қабл бо такя ба маълумоти сарчашмаи худ Зойиров дар бораи  марги маҳбус  бар асари сардӣ дар ҳуҷраи ҷаримавии муассисаи ислоҳии ЯС […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон» Раҳматилло Зойиров ба 

маълумоти

 ахири намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқ (Омбудсмен)-и Тоҷикистон дар бораи зиндаву саломат будани маҳбус Маҳмадраҳим Саидов шубҳа дорад.

Ду рӯз қабл бо такя ба маълумоти сарчашмаи худ Зойиров дар бораи 

марги маҳбус

 бар асари сардӣ дар ҳуҷраи ҷаримавии муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Душанбе хабар дода буд. Худи ҳамон рӯз корманди дастгоҳи Омбудсмени Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев аз тавқифгоҳи муваққатии №9/1 ва муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и пойтахт боздид намуда, шахсан эътимод ҳосил кард, ки дар он ҷо ҳеҷ кас аз сардӣ ҳалок нашудааст. «Дар он ҷо ҳатто аз утоқҳои кории мо гармтар буда, дар робита ба таъмини ғизову сарулибос ҳеҷ мушкилие ҷой надорад», – иброз дошта буд номбурда.

«Ман ному насаби шахсеро, ки ба ман дар ин бора маълумот дод, ифшо намесозам, вале гуфта метавонам, ки ин шахс бевосита корманди ҳамин муассисаи ислоҳӣ аст. Дар мавриди он ки намояндагони дастгоҳи Омбудсмен далели марги маҳбусро тасдиқ накардаанд, ин ҳанӯз чизе нест, зеро шояд ба ӯ на маҳбус Маҳмадраҳимсаид Саидовро, ки эҳтимол дар ҷаримагоҳи маҳбас аз сардӣ фавтидааст, балки тамоман каси дигарро нишон дода бошанд. Шояд ин ҷо боз чизи дигаре бошад. Ман ба сарчашмаи маълумоти худ эътимод дорам, аз ин рӯ, ин масъала ҳоло ҳам кушода боқӣ мемонад», – гуфт Зойиров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...