Барои қабули довталабони Душанбе ММТ масъулони сабт омода намуд

Дар доираи семинари якмоҳа Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» (ММТ) барои қабули довталабони шаҳри Душанбе тибқи низоми мутамаркази имтиҳоноти қабул 42 нафар масъулони сабт омода намуд. Низоми нави қабул ба макотиби олии  кишвар моҳи июли соли равон расман ҷорӣ мешавад. Бино ба маълумоти ММТ, семинари омӯзишӣ барои омода кардани масъулони сабт дар шаҳри Душанбе аз […]

ASIA-Plus



Дар доираи семинари якмоҳа Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» (ММТ) барои қабули довталабони шаҳри Душанбе тибқи низоми мутамаркази имтиҳоноти қабул 42 нафар масъулони сабт омода намуд. Низоми нави қабул ба макотиби олии  кишвар моҳи июли соли равон расман ҷорӣ мешавад.

Бино ба маълумоти ММТ, семинари омӯзишӣ барои омода кардани масъулони сабт дар шаҳри Душанбе аз 4 то 7-уми феврал доир гардида, аз 11 то 14-уми феврал дар вилояти Суғд, аз 18 то 21-уми феврал дар вилояти Хатлон ва рӯзҳои 25-26-уми феврал дар ВМКБ низ ба ин монанд чорабиниҳо баргузор мешаванд.

«Аз шумори умумии иштирокчиёни семинар дар пойтахт аз рӯйи озмун 42 нафар масъулони сабти оянда, аз ҷумла 7 роҳбари нуқтаҳои сабт, 7 ёвари роҳбарони ин нуқтаҳо ва 28 масъули сабт интихоб шуданд, ки дар давраи оғози имтиҳоноти қабул ба кори мавсимӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рашт ба кор ҷалб карда мешаванд», – зикр карданд дар ММТ.

Ба гуфтаи иштирокчии ин чорабинӣ, сармутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Парвина Наҷмиддинова, Марказ ба ҳайси масъулони сабт онҳоеро интихоб намуд, ки дорои қобилияти хуби корӣ бо технологияҳои навтарин мебошанд, зеро маълумот дар бораи довталаб тавассути барномаи компютерии таҳияшуда ба заминаи маълумот ворид мегардад.

Зимнан зикр гардид, ки шурӯъ аз 1-уми март сабти довталабон дар саросари кишвар оғоз гардида, то 15-уми апрел идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.