Арзёбии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун»-ро БҶ нимаи сол ба итмом мерасонад

Зимни нишасти хабарии имрӯза ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так изҳор намуд, ки корҳои арёзбии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»-ро бонк моҳҳои наздик, саҳеҳтараш нимаи ҳамин сол ба итмом расониданист. Ӯ хотиррасон кард, ки таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» хусусияти маҷмӯавӣ ва фарогир дорад, ки ҷанбаҳои фанниву иқтисодӣ, молиявӣ, […]

Заррина Эргашева



Зимни нишасти хабарии имрӯза ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так изҳор намуд, ки корҳои арёзбии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»-ро бонк моҳҳои наздик, саҳеҳтараш нимаи ҳамин сол ба итмом расониданист.

Ӯ хотиррасон кард, ки таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» хусусияти маҷмӯавӣ ва фарогир дорад, ки ҷанбаҳои фанниву иқтисодӣ, молиявӣ, экологӣ ва иҷтимоиро дар бар мегиранд.

«Натиҷаҳои бадастомада маълумоти боэътимоде хоҳанд шуд барои қабули қарори дахлдор, – иброз дошт. ӯ. – Ҳукумати Тоҷикистон барои шаффофу кушода будани ҷараёни арзёбӣ ва ҷиҳати таъмини сифати таҳқиқот, ки барои асоснокӣ ва боэътимод будани далелҳо заруранд, ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дод».

Хонум Лора Так зикр кард, ки барои дарёфти посухи қонеъкунанда Бонки ҷаҳонӣ тамоми масоили пайдошуда ё минбаъд рӯйи кор омадаро пайгирӣ хоҳад кард, зеро «ин равандро дақиқан гузаронидан зарур аст».

Дар робита ба масъалаи чанде қабл аз ҷониби ИМА изҳор шудани мухолифат ба сохтмони сарбандҳои баланд дар ҷаҳон, ноиби президенти бонк изҳор кард, ки БҶ саҳҳомон ва гурӯҳҳои манфиатдори зиёд дорад ва ҳар кадоме мунтазам мавқеи худ нисбат ба масоли гуногунро изҳор мекунанд. «Мо ин масъаларо шарҳ намедиҳем ва андешаи худро низ оид ба он иброз намедорем, чунки изҳори андешаи мустақилона ва ишғоли мавқеи худ ҳуқуқи ҳар як давлат аст», – гуфт номбурда.

Хонум Лора Так ҳамчунин гуфт, Бонки ҷаҳонӣ корҳои арзёбии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»-ро то ба охир анҷом хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.